03:21, 21 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мақомсароёни тоҷик дар Фестивали байналхалқии Шашмақом дар Исроил ширкат варзиданд

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон

Абдувалӣ Абдурашидов ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озода Ашӯрова дар Фестивали байналхалқии Шашмақом дар Исроил ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. «Фестивал ба ифтихори 110-солагии мақомшиноси шинохта Борух Зиркиев бо ташаббус ва дастгирии ходимони ҷамъиятӣ, тоҷирон ва созмонҳои «Суғдиёна», «Афкори омма», «Мероси яҳудиёни Бухоро» ва «Ходимони фарҳанг» баргузор гардид»,-хабар дод манбаъ. Дар доираи чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки устодони Шашмақом аз кишварҳои гуногун дар шаҳри Тел-Авив ва ҳамчунин конфронси илмӣ оид ба Шашмақом дар шаҳри Байт-ул-муқаддас доир гардид. «Дар фарҷоми ҷашнвора маҷмӯи мақолаҳо оид ба Шашмақом таҳти унвони «Шашмақом ва яҳудиёни Бухоро» ва фитта бо сабти беҳтарин сарояндагони Шашмақом нашр гардидааст», — иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.