04:09, 22 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

90 нафар журналистон донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд

Дар бинои Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон

маросими тақдими шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и ин муассиса ба шунавандагони машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардид. Мувофиқи иттилои директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, «давоми соли 2016- 90 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил доданд». Имрӯз 18 нафар шунавандагон ба дарёфти шаҳодатномаҳои хатми машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои асосҳои наворбардорӣ дар синамо ва телевизион ва таҳияи барномаҳои соҳавӣ барои журналистони русзабон мушарраф гардиданд. Мутахассиси варзидаи соҳаи наворбардорӣ Георгий Дзалаев аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ба машғулиятҳои доирнамудаи Академияи ВАО аз тамоми шабакаҳо наворбардорон даъват гардида, такмили маҳорати наворбардорон дар оянда низ ба роҳ монда мешавад. «Тарзи пешниҳоди матлаб дар барномаҳои телевизионӣ маҳорати хоса металабад»,-гуфт продюсери барномаҳои ширкати радиотелевизионии байнидавлатии «Мир» Илҳом Маҳкамов ва илова кард, ки «иқдоми Академияи ВАО дар бобати такмили ихтисоси барандагон ва муҳаррирони русзабони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ саривақтӣ мебошад». Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон 1-уми марти соли 2016 бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи таъсиси он тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар мебошад.