03:21, 21 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сохтмони Театри миллӣ босуръат ҷараён дорад

Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки хишти нахустини он

аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли гузашта шуда буд, имрӯзҳо бомаром ҷараён дорад. То имрӯз 80 фоизи таҳкурсии асосии бино сохта шудааст. Музаффар Зарифов, муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ мегӯяд: “Имрӯз сохтмони таҳкурсии бинои театр босуръат ҷараён дорад. Сохмони бетонии қисмати (блоки) 4, 5 ва 6 ба итмом расидааст. Қисмати 2 бошад, часпондани апаловка (корҳои омодагӣ барои рехтани бетон) ва бастани арматураҳо идома дорад. Инчунин, кандани чоҳбун (котлаван) блоки 3 ва корҳои сохтмонии зеризаминии таваққуфгоҳҳои блокҳо босуръат идома дорад. Бояд гуфт, ки имрӯз корҳои бофтани арматура ва реҳтани бетонҳо 80 фоиз ва корҳои зеризаминӣ 60 фоиз иҷро шудаанд. Мо нақша дорем, ки моҳи декабр сохтмони таҳкурсии бинои театрро ба охир расонида супорем. Вазъи молиявӣ ҳам хеле хуб аст, коргарон саривақт бо ҳаққи заҳмат таъмин мешаванд. Имрӯз дар сохтмон наздики 120 нафар кор мекунанд, ки аз ин 60-70 нафарро хитоиҳо ва 55-60 нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд”.Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад. Ҷойи таъкид аст, ки лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.