23:00, 20 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Намоиши мусаввараҳо дар Маркази фарҳангии Бохтар

Дар Маркази фарҳангии Бохтар намоиши мусаввараҳо баргузор шуд.

Дар он асарҳои офаридаи шаш мусаввири соҳибзавқу хушсалиқа, ки ҳар кадом аз онҳо баёнгари таърихи қадимаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик мебошанд, пешниҳоди тамошобинон гардид. Зимни ифтитоҳи ҷамъомад гуфта шуд, ки ин рассомон аз аввалин рӯзҳои таъсисёбии Маркази фарҳангии Бохтар бо он ҳамкориҳои зич доштанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки асарҳои офаридаи ин мусаввирон дар кишварҳои Франсия, Олмон, Австрия, Швейтсария, Россия, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои дунё ҳаводорони худро доранд. Лозим ба таъкид аст, ки Маркази фарҳангии Бохтар ҳамасола чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, мисли ҳафтаи Аврупо, рӯзи байналмилалии Суруд, намоиши мусаввараҳо ва амсоли инҳоро баргузор менамояд, ки ҳадафи он ҷаллби ҳарчӣ бештари аҳолӣ ба санъат ва мустаҳкамнамоии риштаи дӯстии онҳо мебошад.