08:53, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқоти Вазири фарҳанг бо Сафири Ҷумҳурии Белорус

Санаи 28-уми ноябри соли 2016 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро баҳузур пазируфт. Зимни суҳбати корӣ ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Белорус, ҳамкориҳо дар соҳаи санъат, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо гуфтушунид намуданд. Аз ҷумла, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон дар соли 2018 яке аз мавзӯоти асосии суҳбат буд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода расман номаи сипоси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светловро бо муносибати дар сатҳи баланд доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус супорид. Ҳамзамон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи миннатдории худро дар бобати мазкур ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светлов ба Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов супорид.