15:43, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Диёри ҳусн» оғоз мешавад

Имрӯз, 25 ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»

10-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва муд «Диёри ҳусн» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» ифтитоҳ мегардад. Дар маросими ифтитоҳ, ки соати 14:00 оғоз мешавад, намоиши муди тарроҳони тоҷик ва барномаҳои консертӣ дар назар дошта шудааст. «Фестивал то 27 ноябр идома ёфта, барои иштирок дар ҷашнвора зиёда аз 150 ҳунарманд аз давлатхои гуногун ба шаҳри Душанбе омадаанд. Иштирокчиёни хориҷиву ватанӣ маҳсулоти худро дар Фестивал ба намоиш мегузоранд. Ин баҳри давом додани анъанаҳои Роҳи Бузурги Абрешим замина фароҳам меорад»,- иттилоъ дод манбаъ. Фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» бо мақсади рушди бозори касбу ҳунар, санъат, нигоҳдории анъанаҳои миллӣ дар кишварамон доир гардида, ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ташкилкунандагони фестивал Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти Осиёи Марказӣ оид ба дастгирии ҳунарҳо «CACSA», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳафт пайкар» ва Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мебошанд.