15:33, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи Фестивали байнламиллалии рақс ба ифтихори 100-солагии Ғаффор Валаматзода

Шоми дирӯз, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ

ифтитоҳи Фестивали байнламиллалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» бахшида ба 100-солагии Лауреати мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устоди санъати касбии тоҷик, асосгузори санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода баргузор гардид. Дар Фестивали байналмиллалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Кубанская казачья вольница»–и кишвари Краснодари Федератсияи Россия, Гурӯҳи рақсии Иттиҳодияи консертии ноҳияи мухтори Синсзян–Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой, ансамблҳои рақсии ватанӣ ба монанди «Базморо», «Ҷаҳоноро», «Гулрез», ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев инчунин солистони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ рақси миллии кишвари худро муаррифӣ намуданд.