22:58, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

21 ноябр-Рӯзи байналмилалии телевизион

«Телевизион метавонад, неруи азими накӯкорӣ бошад.

Он имкон медиҳад, ки мо аз ҳоли ҳамсояҳои дуру наздик огаҳ шавему дар масъалаҳои мухталифи ҷаҳонӣ фаҳмиши муштарак ва таҳаммул пайдо кунем». Кофи Аннан Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи умумиҷаҳонии телевизионро ҷашн мегирад, ки ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ бахшида ба сулҳу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги кишварҳои мухталифи саросари олам мебошад. Ин масъала 21 ноябри соли 1996 дар аввалин Анҷумани ҷаҳонии телевизион дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шуда буд. Пас аз ин 21-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион эълон намуданд. Телевизион дар низоми васоити электронии ахбори омма ҷойгоҳи муносиб дошта, чун воситаи тавонои тарғибу ташвиқ ва василаи сареъи расонидани иттилоъ барои ташаккули афкори ҷомеа нақши калон мебозад. Имрӯз шабакаҳои ҷаҳонии телевизион ба дуртарин минтақаҳои олам дастрасӣ пайдо карда, имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти моҳвораӣ ва интернет мардуми саросари оламро аз рӯйдодҳои гӯшаву канори дунё огаҳ намоянд. Ҳадафи СММ танзими ба истилоҳ «ҷомеаи иттилоотии воҳид» асту телевизион дар татбиқи ин орзу воситаи нерумандтарин ба шумор меравад. Агар ба таърихи пайдоиши телевизион назар андозем, он як асрро дар бар мегирад. Таҷрибаҳои нахустини истифодаи нурҳои электронӣ барои интиқол ва қабули тасвир барои ҳудуди муайян ҳанӯз солҳои 1920 дар ИМА, Ҷопон ва Иттиҳои шӯравӣ гузаронида мешуданд. Соли 1932 аввалин намоиши тасвири ҳаракаткунанда сурат гирифта, соли 1938 дар асоси низомҳои электронӣ пахши таҷрибавии барномаҳо ба амал омад. Пас аз ин оғоз аз соли 1939 пахши доимии барномаҳои телевизионӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ аввалин барномаи телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 пахш шудааст. Аввалин наттоқони он Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исаева буданд. Дар давраи истиқлол бозори расонаии мамлакат ташаккул ёфта, дар соҳаи матбуот ва ВАО-и электронӣ тағйироти миқдориву сифатӣ ва мавзӯиву жанрӣ ба вуҷуд омад. Бинобар омори расмӣ, дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ фаъолияти 70 адад ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 9 адад телевизиони давлатӣ ва 31 адад телевизиони ғайридавлатианд.