22:06, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2016, ҳайъати расмӣ ва эҷодии Ҷумҳурии Қирғизистон

ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назаров пешвоз гирифта, онҳоро ба диёри зебоманзари тоҷик хайрамақдам гуфт. Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон аз 16 то 20 ҷараён гирифта, дар доираи он як қатор чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат сурат мегиранд. Шоми 17-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини устодони санъати қирғиз ва намоиши фарҳангию ҳунарӣ, наққошӣ ва халқии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад. Ҳамчунин, рӯзи 17-уми ноябр соати 14:00 баргузории ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон дар толори Хонаи кинои Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон “Зебунисо” дар назар аст. Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Қирғизистон гузаронида мешаванд. Мақсади чорабинӣ таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо, шинос намудани мардуми ду кишвари ҳамсоя бо санъату фарҳанг ва мероси маънавии ҳамдигар аст.