12:26, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Намоиши китобҳои Пешвои миллат дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 15-16-уми ноябри соли равон дар Осорхонаи бостоншиносии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва ба хотири густариш додани тафаккури милливу сиёсии шаҳрвандон намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур воқиф намудани шаҳрвандон аз гузаштаву имрӯзи миллат мебошад, зеро саҳми Президенти мамлакат дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст.