21:58, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мусаввараи машҳур - «Шабнишиниҳои пинҳонӣ» барқарор карда шуд

Мусаввараи машҳур бо номи «Шабнишиниҳои пинҳонӣ», ки

ба рассоми маъруф - Ҷорҷо Вазари тааллуқ дорад, боз ба маъраз гузошта шуд. Ин мусаввара 50 сол қабл дар натиҷаи ба амал омадани обхезӣ дар Флорентсия зарари сахт дида буд. Он дар минтақаи Санта-Кроче қарор дошта, моҳи ноябри соли 1966-ум баъди боришоти зиёди борон сатҳи оби дарёи Арно баланд шуда, осорхона ва дигар манзилҳои истиқомативу маъмурӣ қисман ва пурра зери об монд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ мусаввараи «Шабнишиниҳои пинҳонӣ» ҳам зарар дида буд. Ба иқрори олимон ин мусаввара муддати беш аз 12 соат дар зери об қарор дошта, он қариб пурра хароб гашта буд. Ҷорҷо Вазари ин асари худро бо дархости ибодатгоҳи занонаи замони худ дар тахтачӯб тасвир карда буд. Мусаввараи мазкур аз панҷ қисм иборат бада, мутахассисон баъди рух додани офати табиӣ иқрор омаданд, ки аз уҳдаи барқарор кардани он намебароянд. Ҳамин тариқ қарор карда шуд, ки онро дар макони махсус нигоҳ доранд ва то ба даст омадани имконият онро маҳфуз монанд. Дар натиҷа беш аз 40 сол онро нигоҳ доштанд. Соли 2005-ум тармимгарон барои аз нав барқарор кардани мусаввараи Ҷорҷо Вазари «Шабнишиниҳои пинҳонӣ» дар ҳаҷми 150 ҳазор евро маблағ дастрас карда буданд. Баъди пурра барқарор кардан онро ба осорхонаи Санта-Кроче бармегардонанд. Дар ин ҷо ҳанӯз хатари ба амал омадани обхезӣ вуҷуд дорад, мегӯянд кормандони осорхона. Вале ин навбат мусаввараро дар маконе ҷо кардаанд, ки ҳангоми обхезӣ дастгоҳи махсус онро то баландии 7 метр мебардорад. Баландии мусаввараи мазкур 2,5 ва бараш 5,6 метрро ташкил медиҳад.