09:53, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ китобҳо тақдим кард

Аз ҷониби сафоратхонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон номгӯйи муайяни китобҳо тақдим карда шуд. Дар маросими тақдими асарҳо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва намояндагони Китобхонаи миллӣ, инчунин доираи зиёди донишҷӯёне, ки ба узвияти ин боргоҳи илму маърифат шомиланд, иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистонро феълан муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун ба ҳам мепайвандад ва яке аз ҳамин гуна ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф буда, рӯз то рӯз тақвият дода мешавад. Таъсиси як гӯшаи алоҳида бо китобҳои мутааллиқ ба муаллифони асарҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин ҷо намунаи дигари мустаҳкамшавии ҳамкориҳо дар риштаи илму маориф миёни ду кишвар арзёбӣ гардид. Китобҳои ба тозагӣ ба хазинаи Китобхонаи миллӣ воридгардида, бо се забон - тоҷикӣ, қазоқӣ ва англисӣ тарҷума шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо мутолиаи онҳо, вобаста ба таъриху фарҳанг ва расму оини мардуми Қазоқистон маълумоти зарурӣ ба даст оранд.