17:29, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чор сарояндаи тоҷик ба ҷашнвораи "Шашмақом"-и Ню-Йорк даъват шуданд

Чор сарояндаи тоҷик ба ҷашнвораи "Шашмақом", ки қарор аст

ба хотири садсолагии Нериё Аминов дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир гардад, даъват шуданд. Фурқати Саид, роҳбари ансамбли "Шашмақом" гуфтааст, ба ин маҳфил худи ӯ, Абдурашид Абдувалиев, Ситораи Кароматулло, Гулчеҳра Қурбонова, ҳамчунин таронавис ва оҳангсоз Шоираи Раҳимҷон даъват шудаанд. Ҷашнвораи "Шашмақом" ба хотири Нериё Аминов, аз яҳудиёни Тоҷикистон, замоне дар Амрико баргузор мешавад, ки охири моҳи майи имсол дар Душанбе расман садсолагиашро таҷлил карда буданд. Нериё Аминов, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ, беш аз чил сол дар дастаҳои ҳунарии гуногуни шашмақоми кишвар кор кардааст. Феълан пайвандони ӯ дар Ню-Йорк зиндагӣ доранд ва фарзандаш Рошел Аминов мегӯяд, мактаберо ба номи падари худ ифтитоҳ карда, беш аз 200 навраси муқими Амрикоро бо забони тоҷикӣ дарси “Шашмақом” медиҳанд.