08:59, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Кэтрин Эспин - «Зебосанами ҷаҳон- 2016»

Дар Филиппин озмуни «Зебосанами ҷаҳон- 2016» баргузор гардида,

ғолиби он Кэтрин Эспин аз Эквадор дониста шуд. Шоҳҷоизаро ба Кэтрин Эспин ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон-2015» намоянда аз Филиппин Ангелия Онг тақдим намуд. Дар ин озмун тамоми мақомҳои ифтихориро намояндагон аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ соҳиб гардиданд. Ҷойи дуюмро намоянда аз Колумбия - Мишел Гомес, зинаи сеюмро шаҳрванди Венесуэла Стефания де Зорзи ва мақоми чорумро Брюна Занардо касб намуданд. Ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон- 2016» Кэтрин Эспин ба ҳайси намоишгари либосҳо ифои вазифа карда, изҳор дошт, ки ӯ аз тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон нигарон мебошад. Эспин илова кард, ки маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин мушкили сайёра барои иштирок дар озмун розӣ шудааст.