19:21, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ «Гавҳари Роҳи абрешим» доир хоҳад шуд

Аз 11 то 13-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе

Намоиши байналмилалии рассомон барои сулҳ таҳти унвони «Гавҳари Роҳи абрешим- Тоҷикистон рӯйи худро ба ҷаҳон мекушояд ва ҷаҳон Тоҷикистонро дарк менамояд!» баргузор мегардад. Намоиш аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии табодул «Саёҳат ба хотири сулҳ» бо ҳамкории Бунёди мукофоти сулҳи Роҳи абрешим ва Бунёди аврупоию чинии фарҳанг ва маълумот таҳти сарпарастии ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида мешавад. Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ташрифи меҳмонон ва рассомон аз 45 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Ҳамчунин меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва боғи Ирами пойтахт дидан мекунанд ва дар мавзеъҳои мазкур барои рассомон пленэр ташкил хоҳад шуд.