10:40, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Китоби Зафар Саидзода бо 1000 нусха рӯйи чоп омад

«Тоҷикистони муосир: Масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ»,

таҳти ҳамин ном китоби доктори илмҳои таърих, Зафар Саидзода тавассути нашрияи «Контраст» бо теъдоди 1000 нусха рӯйи чоп омад. Дар асар оид ба нақши сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи кишвар ба таври муфассал маълумот дода шудааст. Китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ - гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он бахшида шудааст. Муаллифи «Тоҷикистони муосир: Масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» мураттиб ва муҳаррири беш аз 70 китоб ва мақолаҳои зиёд оид ба масъалаҳои фалсафа, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад. Китоби мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва умуман доираи васеи хонандагон пешниҳод гардида, метавон аз он маълумот ҷолибе дарёфт намуд.