19:32, 22 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар мавзӯи «Нақши Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳон» Симпозиуми байналмилалӣ доир гардид

Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ

дар илм ва фарҳанги ҷаҳон» Симпозиуми байналмилалии илмию-амалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи иҷрои қарори Иҷлосияи 38-уми ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1150 солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири барҷаста - Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки мақсади асосӣ аз баргузории симпозиум фароҳам овардани заминаи баҳои муносиб ба нақшу мақоми мероси Абубакр Закариёи Розӣ дар саҳифаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ, табодули иттилооти илмию амалӣ оид ба осори мутафаккир, баррасии фикру ақидаҳои олимон, коршиносон ва дигар мутахассисон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти ӯ, пешбинии зарурияти таҳқиқи амиқтари асарҳои то имрӯз дастраси ҳамагон нашудааш мебошад. Симпозиуми байналмилалӣ кори худро дар ду бахш – «Нақши Закариёи Розӣ дар ташаккул ва рушди имлҳои табиӣ ва Нақши Розӣ дар рушди фалсафа, адабиёт, мусиқӣ ва фарҳан» идома дод. Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоиш бештар ба таҳлилу баррасии масоили марбут ба вижагии низоми фалсафии Розӣ, назару андешаҳои ӯ ба масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ, ҳаёти динӣ ва иҷтимоию сиёсии ҷомеа, омӯзиши масъалаҳои табиатшиносию тиббӣ равона гардид. Осори мутафаккир ва дигар асарҳои тадкиқотии ба муносибати ҷашни 1150 солгаии Закариёи Розӣ нашршуда дар доираи ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.