15:54, 27 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ҷоизаи Лоҳутӣ ба журналистон тақдим гардид

Маросими ҷоизасупорӣ ба рӯзноманигорони соҳаи телевизион,

матбуот ва радио дар Театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сурат гирифт. Дар маҳфили хотирмони кормандони Васоити Ахбори Омма намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати фарҳанг ва масъулини дигар сохтору идораҳои марбута ширкат намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки теъдоди рӯзномаю маҷалла, телевизону радио ва дигар манбаҳои иттилооотӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд гаштаанд, ки нақши рӯзнамонигорон дар роҳи расидан ба саодати комил, таъмини суботу оромӣ, ошкор ва ҳаллу бартарафсозии мушилоту норасоиҳо дар гӯшаҳои дуру наздики кишвар, ҳамчунин иттилоотонии мардум аз хабару навгониҳои ҳамарӯза тавлидшаванда басо назаррас мебошад. Пас арзанда аст, ки заҳмати ин аҳли эҷод ва ҳақиқатҷӯён пайваста қадру сипос карда шавад. Дар ин ҷамъомад нахустин Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баъд аз марг ба марҳум Шарифи Мисайзод тақдим шуд. Ҳангоми эълони номи ӯ аҳли толор аз ҷо бархостанд ва Абдуҷаббор Раҳмон, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар бахши робита бо ҷомеа ҷоизаро ба ҳамсари Мисайзод тақдим кард. Дар соҳаи хабарнигории кишвар ба номи журналисти марҳум аз радиои Садои Душанбе Шариф Мисайзод тақдим гардид. Дар соҳаи телевизион Исматулло Азизов аз Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», доктори илмҳои филология Шариф Муллоев, Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон”, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, муҳаррири “Чархи гардун” ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардиданд. Тақдими Ҷоизаи Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ҳамасола дар чор бахш: матбуот, радио, телевизион ва маводи илмӣ-тадқиқотӣ супорида мешавад.