04:56, 25 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Душанбе Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад

Аз 7 то 9 октябри соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир мегардад. Мақсад ва вазифаи асосии Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохил ва хориҷи кишвар аз 18 давлати ҷаҳон, аз қабили Русия, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Фаронса ва дигар кишварҳо, ташкилоту ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои савдои китоб, дастраскунандагони китобу дигар маводи чопӣ, ҳамчунин ширкатҳоиистеҳсолкунандагони таҷҳизоту дастгоҳҳои полиграфӣ иштирок менамоянд. Хамчунин дар барномаи Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо иштироки муаллифони асарҳо ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ пешбинӣ шудааст.