14:14, 24 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Китоби «Саодати истиқлол» аз чоп баромад

Чопхонаи ҶДММ «Нашри Камол» китоби наверо таҳти унвони «Саодати истиқлол» аз чоп баровард.

Китоби мазкур ба соҳаҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мардумро ба ободкорӣ, меҳтандӯстӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ даъват менамояд. Китоби мазкур ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он бештар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат инъикос ёфтааст. Ҳамагон метавонанд бо мутолиаи ин китоб маълумоти лозимаро ба даст оварда, ҷиҳати хизмат ба Ватан ва роҳҳои баланд бардоштани соҳаи иқтисодиёти кишвар иттилои дақиқ гиранд. Муаллифи китоби «Саодати истиқлол» Саидмурод Рабизода буда, онро бо теъдоди 200 дона рӯйи чоп овардааст.