18:10, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Академияи илмҳои ҶТ оид ба масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ конфронси илмӣ доир мешавад


Дирӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо хабарнигорони ватанӣ

нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар он Фарҳод Раҳимӣ оид ба мақсад ва аҳамияти ташкил ва баргузории Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ, ки дар мавзӯи «Аҳамияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» 25-27 августи соли равон баргузор мегардад, маълумот дода, вобаста ба масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани неруи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати паст намудани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмиллалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ сухан кард. Ҳамчунин президенти Академияи илмҳо иброз дошт, ки мақсад аз баргузории Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Аҳамияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ»- ин ба самъи иштирокдорон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 60- солаи олимони тоҷик дар масъалаи мониторинги заминларза, омори заминларза ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.