18:51, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият ҳар ҳафта

рӯзи шанбе дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар он кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо намоиши китобҳо ҳузур пайдо мекунанд. Ҳадаф- ҷалби мардум ба мутолиаи китоб мебошад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 корхонаву муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дастовардҳои худро ба намоиш мегузоранд. Сокинони пойтахт ба намоиши китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз фаъолияти имрӯзаи Китобхона ва қоидаҳои вуруд ба китобхонаву фармоиши китоб пурсон мешаванд. Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҳар ҳафта зимни баргузории намоиши китобҳо шароиту имконияти донишандӯзӣ ва афзалиятҳои узвият ба Китобхонаи миллиро ба шаҳрвандон фаҳмонида, онҳоро ба китобу китобхонӣ даъват мекунанд ва барои тарғибу ташвиқи Китобхона буклетҳо тақсим мекунанд. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ то Рӯзи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҳар бегоҳи шанбе баргузор мешавад.