16:11, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Сайри харбуза ва иди асал» дар Хуҷанд доир гардид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати

кишоварзии вилоят дар шаҳри Хуҷанд чорабинии «Сайри харбуза ва иди асал» ва намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 305 тонна харбуза, 40 тонна тарбуз, 42 тонна каду ва 46 тонна асал гузошта шуд. Деҳқонони 10 ноҳияҳои кишоварзии вилоят 21 намуди харбуза, аз ҷумла оби набот, оби наботи турдор, амирӣ, курбонӣ, қирмизӣ, бурикалла, мирзочулӣ, шакарпалав, лубиёгиро пешкаши иштирокдорону меҳмонон гардониданд. Сайри харбуза ва иди асал дар Суғд аз соли 2007 гузаронида шуда, ин навбат низ дар рафти он якчанд озмунҳо ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла, озмуни кӣ бештар аз ҳама бисёртар харбуза истеъмол карда метавонад, гузаронида шуд, ки дар он 10 нафар иштирок дошта, ғолибият насиби иштирокчиёни ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом ва Исфара гардид. Дар намуди ороиши хаймаи беҳтарин ва харбузаи болаззат бошад, се ҷои аввалро деҳқонони ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Масчоҳ ишғол намуданд. Дар анҷом ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.