19:30, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Душанбе аз Конфронси байналмилалии «Амнияти сейсмикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» мизбонӣ мекунад

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани гуфтушуниди

озод байни олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои амнияти заминҷунбӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, барқароркунии ҳамкории судманд, табодули дастовардҳо ва технологияҳои ҷадид, ҷалби донорҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба амнияти сейсмикӣ 25 — 27 августи соли равон Конфронси байналмилалии «Амнияти сейсмикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» -ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор менамояд. Тавре Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар конфронс масъалаҳои гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани кӯшишҳои сейсмологҳо барои мубодилаи фаврии маълумот ҷиҳати паст кардани хавфи заминҷунбиҳои байнисарҳадӣ, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ, арзёбии хавфи сейсмикӣ дар минтақаҳои аҳолинишин, осебпазирии сейсмикӣ дар сохтмони шаҳрҳои калон, таҳияи сенарияҳои оқибатҳо аз заминҷунбиҳои сахти эҳтимолӣ, мукаммалсозии лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои ба заминҷунбӣ тобовар ва бехатарии сарбандҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ мавриди баррасии олимон ва коршиносон қарор мегиранд. Дар конфронс олимон ва мутахассисони соҳаи сейсмология аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, ИМА, Олмон, Норвегия, Швейтсария, Австрия, Фаронса, Италия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Чин, инчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, СММ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ иштирок менамоянд.