15:45, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Даври дуюми «Андалеб-2016» аз 12 то 23 август доир мегардад

Оид ба омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани даври дуюми

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ки дар чорабинӣ ширкат доранд, ҷамъомад доир гардид. Тавре аз ҷониби масъулони Вазорат баён гардид, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо даври аввали Фестивал-озмун дар сатҳи баланд баргузор гардид ва беҳтарин дастаҳои ҳунарӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Доир шудани Фестивал имкон медиҳад ки чеҳраҳои нав рӯйи саҳна оянд ва майдони фарҳанг роҳ пайдо кунанд. Таъкид рафт, ки ҳама чораҳои зарурӣ алҳол барои сабт ва ба наворгирӣ, омода кардани саҳна ва толор, пешниҳоди сенария ва интихоби мавзӯъҳо, ки аслан инъикосгари урфу одат ва анъанахои миллии тоҷикон аст, интихоби сарулибос ва дигар масъалаҳо вобаста ба он саривақт бояд амалӣ гардад. Таъкид рафт, ки ҳар як чорабинӣ нисбат ба солҳои пешин фарқкунанда ва хотирмон бояд баргузор гардад. Аз ин рӯ саъю талоши ҳунармандон ва дастаҳои ҳунарӣ, инчунин чеҳраҳои нав, ки дар гӯшаву канори мамлакат ниҳоят зиёданд, хеле зарур аст. Дар рафти ҷаласа ба намояндагони ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рушон, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод ва Синои пойтахт барои ширкат дар даври дуюми Фестивал- озмун роҳхат супурда шуд. Даври дуюми ин чорабинии фарҳангӣ, ки ба ҷашни миллӣ 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст, аз 12 то 23-юми август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир хоҳад гашт.