15:35, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Шоири халқии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи Палатаи Аврупо гардид

Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org)

аз 17-уми майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мешавад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад. Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд. Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори Гулназар Келдӣ ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Церетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардонида шудаанд.