18:33, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Хуҷанд адрасбофи беҳтаринро интихоб намуд

Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Адрасбофи беҳтарин» доир гардид. Озмун дар Маркази таълимию истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова байни 10 нафар занони ҳунарманд гузаронида шуд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон Фотима Маллаева адрасбофи беҳтарини шаҳр дониста шуда, ҳуқуқи иштирок дар озмуни вилоятиро ба даст овард. Мақсад аз баргузории озмун эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон арзёбӣ гардид.