18:44, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Инсон бояд аз ҳамнишинони бадкирдор дур бошад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ

дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи «Модар маро бубахш» - ро ба аҳли толор пешкаш карданд. Баргузории чорабинӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кумитаву вазорати дахлдор ба ҳаёти ҷавонону наврасон гузаронида шуд. Аз ҷониби ташаббускорон оқибатҳои нохуши нашъамандӣ, ки то имрӯз аз хатарҳои ҷаҳонӣ дониста шуда, ҷони ҳазорон нафарро аз миён бурдааст, ибрози назар карданд. Намоишномаи «Модар маро бубахш» низ ба ҳамин масъалаи мубрами рӯз равона гардида, дар худ доғи рӯзро инъикос мекард. Аксар нафароне, ки дар толор қарор доштанд ба мазмуни намоишнома мутаваҷҷеҳ шуда, аз маънии он барои худ ибрат гирифтанд. Ҳунармандон нақшҳоро бо касбияти баланд иҷро карда рафти онро таъсирбахш гардониданд. Дида мешуд, ки бархе аз ҷавононе, ки рӯ ба сӯйи нашъамандӣ овардаанд, чи қадар рӯзгорашонро сангин карда солимиашонро аз даст додаанд. Бар замми ин барои аҳли хонавода ва наздикону пайвандону атрофиён ғаму ғусса ва зарари иқтисодиву ҳатто хатар овардаанд. Намоишнома ба он роҳнамоӣ мекард, ки инсон бояд ақлу хиради баландро истифода барад ва аз ҳамнишинони бадкирдор дур бошад, зеро нафароне, ки дар ин роҳ пой гузоштаанд, ба ҳаёти солим, қадру манзалати инсонӣ роҳ ёфта наметавонанд. Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солими насли ҷавон чунин чорабиниҳои таъсирбахш, ки маълумоти ҷавононро боз ҳам бештар мегардонад пайваста баргузор мегардад.