14:46, 24 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Таҷлил аз «Рӯзи мусиқӣ» дар Душанбе

Бахшида ба Рӯзи мусиқӣ, ки ҳамасола санаи 21-уми июн

дар 150 кишвари олам таҷлил карда мешавад, дар Майдони 800-солагии пойтахт чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Баҳри хотирмон доир намудани ин рӯз як қатор донишҷӯён аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷамъ омада, бо навозиши асбобҳои халқӣ ва нишон додани дигар маҳорати касбии хеш руҳияи тамошобинонро болида гардониданд. Барои боздид аз таҷлили Рӯзи мусиқӣ дар Тоҷикистон намояндагон аз соҳаи санъати Ҷумҳурии Фаронса дар меҳмонии мо қарор доранд. Онҳо аз ҳунарнамоии мусиқинавозон ва садои фораму руҳнавози асбобҳои халқии мо тоҷикон руҳбаланд шуда, ҷаҳони хотироти хешро рангин сохтанд. Ёдовар мешавем, ки таҷлили Рӯзи мусиқӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Сафорати Фаронса ба роҳ монда шудааст. Чорабинии мазкур санаи 24 ва 25-ими июн низ дар шаҳри Душанбе идома ёфта, дар он мусиқинавозони Ҷумҳурии Фаронса ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.