06:57, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Аз 23 то 25-юми июн дар Душанбе «Рӯзи мусиқӣ» доир мегардад

Дар Маркази фарҳангии Бохтар оид ба баргузории Рӯзи мусиқӣ, ки

ҳамасола дар саросари ҷаҳон доир мегардад, нишасти матбуотӣ доир гардид. Тавре ташаббускорон иттилоъ доданд, бахшида ба Рӯзи мусиқӣ аз рӯзи 23 то 25-юми июн дар шаҳри Душанбе низ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ гузаронида мешавад. Тибқи нақша дар доираи барнома, рӯзи 23-уми июн нахуст намоиши дастовардҳои ҳунармандии «Булбулони Тоҷикистон» дар гулгашти шафати Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузаронида мешавад, ки гурӯҳи ҳунармандон аз Кансерваторияи миллӣ ба номи Талабхудҷа Сатторов баромад менамоянд. Баъдан намоиши барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаи Франсия Оттили (Б) ба дӯстдорони санъати мусиқӣ тақдим мегардад. Ҳамчунин дар ин ҷо шахсони дорои овози хуши сарояндагӣ ва маҳорати баланди навозиш дар асбобҳои халқӣ, метавонанд ҳунарнамоӣ кунанд. Ин чорабинии фарҳангӣ ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.