14:14, 24 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика»

Ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва 80 солагии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» китоби энергетики касбӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Назарзода бо унвони «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика», бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, нашр шуд. Дар муқаддимаи китоб хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи энергетикаи мамлакат қайд шудааст. Аз ин рӯ, муаллиф дар пеши худ вазифа гузошта, бобати сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҳам ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мусоидат менамояд, чанд нуктаро таъкид намояд. Ҳамчунин дар китоби мазкур талошҳои Сарвари давлат бобати қатъ нагардидани корҳо дар бунёди Неругоҳи «Помир-1» шахсан дар ифтитоҳи расмии ба кор оғоз намудани навбати якуми ин неругоҳ бо тавоноии 14 ҳазор кВт, ки 26 марти соли 1994 баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намудани Эмомалӣ Раҳмон, гуфтушунидҳо бобати бунёди неругоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», таҷдиди неругоҳи асосии кишвар - НБО-и Норак ва дигар паҳлӯҳои ривоҷи соҳа дар солҳои истиқлолият сухан меравад. Дар баробари ин расмҳои Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти энергетикӣ дар китоб чоп шудаанд. Китоби мазкур дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тайрон 2014» бо теъдоди 2 ҳазор нусха чоп шуда, туҳфаи хубест ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар. Аз ин китоб мутахассисони соҳа, таърихнигорон ва донишҷӯён метавонанд маълумоти зиёдеро дар соҳаи энергетикаи кишвар дастрас намоянд.