06:23, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Шуҳрат Ашуров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид

Рӯзи 6-уми июни соли равон Анҷумани 13-уми ғайринавбатии

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Анҷуман тибқи муқаррароти оиномавӣ интихоби раиси Иттифоқ ба тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар номзад оҳангсози шинохтаи тоҷик Шуҳрат Ашуров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон вакилони Анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, эҷоди асарҳои муосири мусиқӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, тарбияи кадрҳои ҷавони оҳангсозу мусиқишиносон ва тавсеаи фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқро баррасӣ намуданд. Пас аз интихоб шудан ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, композитор Шуҳрат Ашурови 54-сола ба журналистон гуфт, ки ният дорад барои композиторони ҷавон мактаби махсус ташкил кунад. «Мактаб барои истеъдодҳои наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кушода хоҳад шуд. Ба ин васила, мо азм дорем, ки насли ҷавони композиторонро ба воя расонем», — тазаккур дод ӯ. Композитор Шуҳрат Ашуров соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда, композиторони маъруф, ба мисли Ёқуб Сабзанов, Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим гирифтааст. Солҳои 1984-86 дар омӯзишгоҳи мусиқавии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковский, дар синфи К. Баташов таҳсил намудааст. Соли 2001 Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳоро хатм кард. То интихоб шудан ба раисии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекард.