06:53, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Саҳми академик Зариф Раҷабов дар рушди илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик»

Бахшида ба ҳаёту фаъолияти академики маъруфи тоҷик,

нахустин ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Зариф Раҷабов дар мавзӯи «Саҳми академик Зариф Раҷабов дар рушди илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик» конфронси илмӣ – амалӣ доир гардид. Олимону донишмандон ва устодони Донишгоҳ оид ба фаъолияти пурсамари Зариф Раҷабов маърӯзаҳо хонда, таъкид доштанд, ки дар роҳи рушду такомул бахшидани таърих, фарҳангу илми тоҷик ин шахсияти барҷаста корҳои намоёнро ба сомон расонидааст. Дар солҳои нахустини таъсис ёфтани Донишгоҳ низ саҳми академик чашмрас буда, дар ободии таълимгоҳ, тарбияи шогирдон барои соҳаҳои гуногуни илму маориф, ки зарурати аввалиндараҷа доштанд, заҳмати самаранок кашидааст. Зариф Раҷабов дар самти илму маориф ва таъриху фарҳанги тоҷик як қатор таҳқиқоти илмӣ гузаронида, паҳлӯҳои гуногун ва андешаҳои маорифпарваронаи шахсиятҳои бузурги таърихиро баҳогузорӣ намудааст. Корҳои илмӣ ва таҳқиқотии ӯ дар шакли китоб ва дастурамал ба нашр расида, минбаъд барои омӯзишу шинохти насли ҷавон дар хусуси таъриху адабиёт ва фарҳангу илми тоҷик роҳнамои зарурие гардидааст, ки то ҳол мавриди истифода қарор дорад. Дар рафти конфронс шогирдону ҳамкорон ва дӯстон хотираи неки Зариф Раҷабовро бо заҳматҳои шабонарӯзии ӯ, равшанфикрӣ, тафаккури пешрафта, илму дониши баланд ва шахсияти арзанда буданаш, ёдоварӣ карданд.