07:27, 28 Ноябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Маҳфили адабӣ бахшида ба фаъолияти Носирҷон Маъсумӣ

Бахшида ба ҳаёту фаъолияти адабиётшинос, забоншинос

ва муҳаққиқи маъруфи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ- фарҳангӣ доир гардид. Адибони шинохта ва устодони Донишгоҳ оид ба фаъолияти пурсамари Носирҷон Маъсумӣ суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки он корҳои шоистае, ки муҳаққиқ барои рушди забон ва адабиёти тоҷик анҷом додааст, то имрӯз барои омӯзиш зарурат дорад. Асарҳои зиёдеро ва таърихи адабиёти асрҳои пешинро мавриди таҳқиқот қарор дода, фикру андешаи худро дар китобҳои зиёде ба нашр расонидааст, ки он сарчашмаи омӯзиш ва дастурамал барои насли ҷавон аст. Таъкид рафт, ки ӯ худ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ба ҳайсӣ омӯзгор кору фаъолият карда, шогирдони зиёдеро тарбия карда, барои ҷавон ҳамеша дастгиру мададгор буд. Дар тамоми тӯли ҳаёташ барои халқу миллат корҳои некро анҷом дода, чун шахсӣ комил дар миёни дӯстон, наздикону пайвандон ва шогирдону атрофиён шинохта шудааст. Дар радифи корҳои илмӣ инчунин Носирчон Маъсумӣ шоири арзишманде низ буда, дар ҳаёт ашъори пурғановатеро боқӣ гузоштааст, ки дар худ эҳсоси меҳру муҳаббат, ватандустӣ ва садоқати шоирро инъикос мекард. Дар рафти маҳфили адабӣ китоби тозанашр, ки ба хотираи неки Носирҷон Маъсумӣ бахшида шудааст, таҳти унвони «Ёдномаи устод Маъсумӣ» муаррифӣ карда шуд. Дар ин китоб ҳаёту фаъолияти муҳаққиқ ва корҳои арзишманди дар ҳаёт ба сомон расонидааш нашр гардидааст ва ҳамкорону дӯстон фикру ақидаҳои худро дар он баён доштаанд. Барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои дилошӯб идомабахши маҳфили адабӣ гардид.