07:06, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Фестивал-озмуни «Тараннуми Истиқлол» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав — овозхонҳо, навозандагон, раққосон, ташвиқу тарғиби ҳунару истеъдоди асил, мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Истиқлол» дар се давр баргузор мегардад. Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, дар айни замон даври аввал ва дуввуми Фестивал дар минтақаҳо ҷамъбаст гардида, тибқи Низомнома даври ниҳоии он 1 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор хоҳад гашт. Дар консерт беҳтарин ҳаваскорон-ғолибони даври аввалу дуввум аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.