05:52, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Боғи Ирам бахшида ба Рӯзи ҷавонон «Шоми ҷавонӣ» доир мешавад

Шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Рӯзи ҷавонон тасмим гирифтааст, ки барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ»-ро таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир намояд. Ба иттилои Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита то имрӯз бахшида ба 20 рӯзи ҷавонон якчанд чорабинии мухталифро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор намуд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ» дар Боғи Ирам аз 3 бахш иборат буда, дар қисмати аввал озмуни мусаввирони ҷавон, намоишҳои варзишӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар қисмати дуюм роҳпаймоии ҷавонон доир шуда, ниҳоят дар бахши охир дар Амфитеатр бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи консертӣ доир мегардад.