07:31, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Маҳфили адабӣ-фарҳангӣ дар ДДОТ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,

бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон дар ҳамдастӣ бо Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир гардид. Ҳозирин зимни суханрониҳо иброз намуданд, ки имрӯз давлату ҳукумат ба неруи тавонои ҷавонони соҳибилму соҳибтаҷриба ва кадрҳои баландихтисос такя мекунад. Аз ин рӯ садоқат ба Ватан ва сазовор будан ба боварии халқу миллат ҷомеаро танҳо ба сӯйи ободиву оромӣ ва сулҳу субот равона месозад. Ҳамчунин дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни болаёқат ва эҷодкори Донишгоҳ аз эҷодиёти худ шеърҳои пурмазмун дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон, ватан, модар ва меҳру муҳаббат ба меҳанро қироат намуданд. Дар идомаи чорабинӣ баҳри болида ва хушҳол гардидани рӯҳияи ҳозирин, барномаи фарҳангии омодакардаи шогирдони ин даргоҳ пешкаш гардид.