07:19, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Роҳҳои мустаҳкам нигоҳ доштани оила мавриди муҳокима қарор гирифт

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касаба, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Душанбе ва масъулини китобхона бахшида ба «Соли оила» ҷамъомад доир гардид. Дар он масъалаҳои фарҳанги оиладорӣ, роҳҳои мустаҳкам нигоҳ доштани оила мавриди муҳокима қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки мардуми тоҷик дорои фарҳанги хоси оиладорӣ буда, онро то ба наслҳои имрӯз мерос гузоштаанд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ низ ҷиҳати эҳтироми тарафайн дар оила, хусусан оилаҳои ҷавон дар кишвари мо як қатор қонунҳо ба тасвиб расидаанд, ки ин ҳама дар таъмини фазои мусоиди оиладорӣ, дар роҳи ватандустӣ ба камол расонидани фарзандон ва дигар паҳлуҳои мусбию манфиатбахши он нақши созгор доранд. Дар ҷамъомад як қатор хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии пойтахт низ ширкат намуда, дар васфи зан-модар ва ба ҷо овардани эҳтироми оиладорӣ шеъру таронаҳои пурмуҳтаво қироат намуданд.