07:54, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ҷамолаи Украина барандаи "Евровидение" шуд

Дар даври ниҳоии озмуни сурудҳои «Евровидение 2016», ки

рӯзи 14-уми май дар Шведсия баргузор шуд, овозхони 32-солаи тотори Қрим Ҷамола баранда шуд. Сусанна Ҷамолиддинова, ки бештар бо тахаллуси Ҷамола маъруф аст, суруди «1944»-ро иҷро кард. Ин суруд бо забони англисӣ садо дода, нақароташ ба забони тоторҳои қрим замзама шуданд. Ҷамола дар шаҳри Ӯши Қирғизистон таваллуд шудааст. Дар озмуни "Евровидение" ҷойи дувум насиби Австралия ва мақоми сеюм насиби Русия шуд. Мақомоти баргузоркунандаи мусобиқаи имсола гуфтаанд, ки бинандагони пахши зиндаи ин барнома 200 миллион нафар будааст. Мусобиқаи имсол барои аввалин бор ба таври зинда дар Амрико ва Чин ҳам пахш шуд, ки боз ҳам рекорди нав барои "Евровидение" аст.