07:18, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Шашмақом» шоҳкориест, ки аз гузаштагон мерос мондааст

«Шашмақом» шоҳкориест, ки аз гузаштагон ба мо мерос монда,

то ба имрӯз омада расидааст ва ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» таҷлил карда мешавад. Қобили зикр аст, ки соли 2003 дар сессияи 92- юми Созмони ЮНЕСКО «Шашмақом» ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодии анъанавии миллӣ пазируфта шуд. Ба андешаи Хуршед Низомов, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз «Шашмақом»-и тоҷик рушд намуда, таваҷҷуҳи насли наврас низ ба он зиёд шуда истодааст. Тибқи иттилои Хуршед Низомов ҷиҳати дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод тадбирҳо андешида шуда, якчанд озмун, аз қабили «Дурдонаҳои Шашмақом» баргузор гардиданд ва барои минбаъд пурра мақомхонӣ кардани самти фаъолияти баъзе аз мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Боиси зикр аст, ки ансамбли «Шашмақом»-хонон бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айнӣ соли 1949 таъсис дода шуд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ансамбли «Шашмақом»-хонон ва 1 ансамбли бачагона фаъолият мекунанд. «Шашмақом» санъати қадимии халқи тоҷик буда, аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Устодони бузурги «Шашмақом» Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, ва Фазлиддин Шаҳобов ин санъати аҷдодиро ба адвор кашида, ба таври хаттӣ пешниҳод намуданд ва «Шашмақом» -ро аз нав зинда гардониданд.