08:32, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

12 май - Рӯзи «Шашмақом»

Ба хотири эҳё ва рушду инкишофи санъати анъанавии миллии тоҷик

ҳамасола 12 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад. Ба иттилои Хуршед Низомов, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони соҳаи фарҳанг ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳо амалӣ гардиданд. Ба гуфтаи Хуршед Низомов, ҳоло феҳристи истилоҳоти «Шашмақом» пурра ба забони тоҷикӣ баргардон шуда, рӯзҳои наздик «Фарҳанги истилоҳоти «Шашмақом» рӯи чоп меояд ва ҳамчунин бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шашҷилдаи нави «Шашмақом» аз чоп бароварда мешавад. Гуфта мешавад, ки тибқи нақшаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи барномаи «Рушди санъати «Шашмақом» ва «Фалак» соли 2018 баргузории Симпозиуми байналмиллалии «Шашмақом» ва «Фалак» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи «Шашмақом» 11 май барномаи рангини фарҳангӣ дар Боғи «Ирам» ва 12 май барномаи консертӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар назар дошта шудааст.