08:27, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ҳар миллат бо фарзандони далеру шуҷои худ ифтихор мекунад!

Дар ноҳияи Спитамен бо иштироки собиқадорони Ҷанги дуюми чаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти мулоқот ба ҳар кадоми онҳо дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Зимни баргузории чорабинӣ аз корнамоии ин диловарони Ватан дар назди халқу миллат ёдоварӣ гардид. Қайд шуд, ки диловарии ин нафарон воқеан шоёни таҳсину офарин буда, барои насли имрӯз мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳсуб мешавад. Дар навбати худ собиқадорон ҳам барои дастгирию ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбати онҳо арзи сипосу миннатдорӣ карданд. /// Дар шаҳри Душанбе низ бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷавнони фаъол таҳти унвони "Родмардони Ватан" чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар ин ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва саҳми ҷавонон дар ободии кишвар ва сулҳу субот ҳарф заданд. Мақсад аз баргузории ҳамоиш тарғибу ташвиқи ватанпарастӣ, хидмат ба Ватан-Модар ва пос доштани арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон арзёбӣ шуд. Ҳозирин аз саргузашти таърихӣ ва корнамоиҳои хеш ёдовар шуда, иброз доштанд, ки рушди Тоҷикистон ва оромиву осудагии сокинон аз ҳар фарди бовиҷдон вобастагӣ дорад. /// Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ бо иштироки як гурӯҳ собиқадарони ҷангу меҳнат ҳамоиш баргузор шуд. Иброз гардид, ки дар ҳама давру замон ҳар миллат бо фарзандони далеру шуҷои худ ифтихор мекунад ва миллати мо ҳам бо корнамоии далеронаш мефахрад.