07:17, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Осори гаронбаҳои Мирзо Турсунзода хиради баланди инсонист

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту фаъолияти

шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони «36-умин маҳфили Турсунзодахонӣ» чорабинии адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши адабӣ донишҷӯёни донишгоҳ, адибон, устодон ва дӯстдорони эҷодиёти шоир ширкат доштанд. Дар рафти чорабинӣ оид ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти пурғановати Мирзо Турсунзода ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд. Инчунин аз эҷодиёти баландмазмуни Мирзо Турсунзода порчаҳо қироат карда шуд. Таъкид гардид, ки осори гаронбаҳои Мирзо Турсунзода як баҳри беканори илму дониш ва хиради баланди инсонист. Шоири хушкалом тавонистааст, ки бо эҷоди асарҳои пурмуҳтавои хеш, аз қабили «Ҳасани аробакаш», «Ҷони ширин», «Қиссаи Ҳиндустон», «Аз Ганг то Кремл» ва дигар офаридаҳои хеш маҳбубияти хосаеро касб намояд. Мазмуни волою аҳамияти сулҳпарваронаи асарҳои шоир ва хизматҳои ба нафъи миллат анҷомдодааш боиси он гардид, ки ӯ бо як қатор мукофоту унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар охири маҳфили адабӣ миёни донишҷӯён ва адибону шоирон суҳбати озод сурат гирифт.