08:08, 28 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Санъати мусиқии Кӯлоб» бо 3 забон нашр шуд

«Санъати мусиқии Кӯлоб»- чунин номгузорӣ шудааст китоби тозанашри

Раҳим Раҳмонӣ, омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ки бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст. Муаллифи китоб сурудҳои халқии қадимии мардуми минтақаи Кӯлобро, ки то имрӯз мафҳуз мондаанд, гирд оварда, ба нота ворид намудааст. Китоби «Санъати мусиқии Кӯлоб» аз сурудҳои лирикиву фалак, тақвимию тӯёна, лапару бадеҳа гаҳворабандон иборат буда, дар ҳафт боб тақсимбандӣ гардидааст. Раҳим Раҳмонӣ дар ин маврид изҳор дошт, ки мақсадаш аз нашри китоби мазкур эҳё ва ташвиқу тарғиби сурудҳои халқии минтақаи Кӯлоб аст, ки дар онҳо мақсаду маром ва орзую омоли мардум таҷассум гардида, як ҷузъи санъати қадимии халқи тоҷик маҳсуб мешаванд. Муаллифи китоб мақсад дорад, ки дар оянда ҳар боби ин китобро дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонад.