15:47, 23 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба кори худ оғоз кард

Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш оид ба муҳимияти ин ҷашни миллии тоҷикон ва расму русумҳои хоси он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд. Таъкид гардид, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ таърихи куҳандошта, ватани он Тоҷикистони офтобист. Мақсади ташрифи адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар он аст, ки онҳо бо ҷашни баҳору зебоӣ аз наздик шинос шаванд. Дар доираи чорабинии мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Китоби мазкур «Забони миллат-ҳастии миллат» ном дошта, бо теъдоди зиёд ба нашр расидааст. Китоб аз сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, ва шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири ин забон маълумот медиҳад. Дар асари мазкур решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ собит шудааст. Зикр рафт, ки ҳамоиши мазкур имконият фароҳам овард, то меҳмионони зиёд аз мамлакатҳои дуру наздик ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ташриф биёранд ва аз шаҳомати таҷлили Наврӯз дар кишвари мо ошноии бештар пайдо кунанд. Таъкид гардид, ки фазилати дигари таҷлили Наврӯз дар ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Адибон иброз доштанд, ки ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории Сомониён бо ҳама русуму суннатҳои худ аз нав эҳё шуд. Шоирону нависандагони ҳамон давр дар бораи ин ҷашни куҳан асарҳо эҷод намудаанд, ки қисме аз онҳо то ба имрӯз боқӣ мондааст. Акнун зарурат пеш омадааст, ки бо қалами адибон дар бораи ин ҷашни шеъру таронаҳо ва асарҳои пурмуҳтавою тоза нашр намоянд.