06:40, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар назди муаҷассамаи И. Сомонӣ гулчамбар гузоштанд

Меҳмононе, ки ба хотири ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии адибони

кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба Тоҷикистон ташриф оварданд, барои арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик дар назди муаҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд. Тоҷикистон имсол низ мизбони як чорабинии сатҳи байналмилалӣ мегардад, ин ҳам бошад, ба тантанаҳои Наврӯзи оламафрӯз рост меояд. Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тӯли шаш рӯз давом карда, бо иштироки адибону нависандагон ва зиёиёни кишварҳои гуногуне, ки аз Наврӯз истиқбол мекунанд, чорабиниҳои гуногуни адабӣ баргузор хоҳад шуд. Инчунин дар назар аст, ки меҳмонон дар тантанаҳои Наврӯзии шаҳру навоҳии кишвар ширкат намуда, аз чигунагии истиқболи Наврӯз дар Тоҷикистон дидан мекунанд.