14:11, 23 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Таҷлили Наврӯз дар ДДЗТ

Омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

ба номи Сотим Улуғзода ҷашни Наврӯзи аҷамро, дар фазои сулҳу суботи кишвар ва риояи расму оинҳои ниёгон истиқбол карданд. Дар барномаи идона шогирдону устодони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, ки дар риштаҳои гуногун мутахассисонро омода мекунад, бо маҳорати баланд ҷашни Наврӯзро дар кишварҳои сайёра нишон доданд. Наврӯз аёми шукуфтанҳою рустанҳо ва бедоршавии табиат буда аз баробаршавии шабу рӯз гувоҳӣ медиҳад. Зимни баромади масъулин аз ҷаҳонишавии ин иди миллии тоҷикон сухан рафт. Зикр шуд, ки Наврӯз ҷашнест башарӣ ва аз ин рӯ ба дарду армону инсонҳои сайёра мехӯрад ва беҳуда нест, ки ба худ мақоми башариро касб намуд. Маҳфили наврӯзорои донишҷӯёни Донишкадаро дар баробари омӯзгорон шумораи зиёди меҳмонони дохилию хориҷӣ мушоҳида карда, ба маҳорати вижаи онҳо баҳои баланд медоданд. Донишҷӯён бо пӯшидани либосҳои миллӣ ва хондани суруду таронаҳои наврӯзӣ ва созмон додани саҳначаҳои дилошӯби ҳаҷвӣ ба ҷашни Наврӯзии донишкада зиннати хоса бахшиданд.