06:30, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Конфронс дар мавзӯи «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар мавзӯи «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Ин ҳамоиш бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуда, масъалаҳои таърихӣ ва ҷашнгирии онро дар гузашта ва имрӯз фаро гирифт. Дар суханронии аҳли илму адаб ба ҷанбаҳои таърихии Наврӯз, ки дар аксар кишварҳои олам бо хушиву хуррамӣ ва урфу одатҳои миллии хоса таҷлил мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид рафт, ки мақоми байналхалқиро касб кардани Наврӯз манзалати онро дучанд гардонида, як воситаи дигаре барои пойдории муносибатҳо ва ҳамоҳангии фарҳангу тамаддунҳо фароҳам омадааст. Иброз шуд, ки дар тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои шоирону нависандагон ва адибону донишмандон имконият бештар ба миён омад то дар хусуси Наврӯз пажӯҳишу тадқиқоти васеътареро анҷом диҳанд ва ба дуриҳои таърих назар намоянд. Зиёд гардидани китобҳои илмӣ дар хусуси Наврӯз барои наслҳои имрӯзву фардо аҳамияти ҷиддӣ дорад, зеро зарур аст, ки наслҳо оид ба пайдоишу идома додани суннатҳои неки ниёгон маълумоти бештар дошта бошанд ва омӯзанд, ки Наврӯз чӣ гуна ҷашн аст. Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзӯоти «Суннатҳои Наврӯзӣ», «Таҷассуми суннатҳои наврӯзӣ дар мусиқӣ», «Наврӯзи аждодӣ дар назми иҷтимоии муосир» ва дигар паҳлӯҳои ҷашни Наврӯз маърӯзаҳо пешниҳод карданд. Инчунин дар рафти конфронс хони наврӯзӣ густурда, нақшу нигори қадимаро, ки ҳазорсолаҳо инҷониб муаррифгари анъанаҳои қадимаи тоҷикон аст, манзури ҳозирин гардониданд.