13:56, 23 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Фестивал-озмуни ҳаҷвнигорон «Биё бо ҳам бихандем»

Рӯзҳои 29, 30 март ва 1 апрел дар доираи барномаҳои фарҳангӣ

бахшида ба рӯзи ханда дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» бо иштироки гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Дар фестивал-озмуни мазкур рӯзи 29 март ҳаҷвнигорони шаҳрҳои Қурғонтеппаву Истаравшан ва ноҳияи Файзобод, 30 март ҳаҷвнигорони шаҳри Кӯлобу Исфара ва ноҳияҳои Сангвору Муъминобод ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба иштирокдорони фестивал-озмун нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.