10:07, 25 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт мунаввар»

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори Китобхонаи давлатии

бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳфили адабӣ таҳти унвонӣ «Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт мунаввар», баргузор гардид. Дар маърузаҳои хонандагон шунида шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ буда, ба оғози солшумории шамсӣ 1-уми моҳи фарвардин рост меояд. Сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро ба Ҷамшеди Таҳмурас- шоҳи хирадманду қавиирода нисбат медиҳанд, ки гӯё асосгузори ҷашни Наврӯз Ҷамшед бошад. Дар маҳфил қайд гардид, ки маҳз ҷашнгирии пайвастаи мардумӣ буд, ки тамоми одобу русуми Наврӯз дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳифз шуд ва дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат аз нав комилан эҳё гардид.